Қурби асъор БМТ 

2024-11-21



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Маълумоти  умумӣ

 Бартарияти лоиҳаи музди маош барои ташкилотҳои Шумо: 

·       Ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи ҳисоб ва пардохти музди маоши кормандон бо истифода аз корти пластикӣ;

·       Интиқоли музди маош ба ҳисоби муросилотии ҶСК «Агроинвестбонк» осон гаштани кори шўъбаҳои муҳосибот, хазинаҳоро фароҳам меорад ва кам шудани шумораи ҷойҳои кори бандшударо таъмин мекунад;

·       Истифодабарии кортҳо ҳангоми додани музди маош, тавассути банкоматҳова нуқтаҳои пардохти пули нақдина, хароҷоти зиёди ташкилотро камтар намуда, масоили гирифтан, нигоҳдорӣ ва ҷобаҷокунии он тавассути нақлиётро барҳам медиҳад;

·       Мушкилоти иловагии рўзҳои пардохти музди маош бартараф карда мешаванд;

·       Ҳолати тартиб додани нақшаи хазинавӣ соддатар мешавад;

·       Мушкилоти амонатгузории бақияҳои воситаҳои пулии дархостношуда, ки нақшаи хазинавиро халалдор месохт, бартараф мешавад;

·       Давраи пардохти музди маош бештар мешавад, ки бозмонии ғайринақшавиро дар рӯзи пардохт бартараф месозад;

·       Ба ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои дигар низ филиалҳо доранд, имконияти муттамарказ гузаронидани музди маошро медиҳад ва, аз зарурати ҳатмияти таҳвили воситаҳо барои музди маош, озод менамояд. 

Бартарияти лоиҳаи музди маош барои кормандони ташкилоти Шумо: 

·       Ҳамаи нороҳатиҳои вобаста ба фаврияти дастрас намудани маблағҳои нақдина  бартараф карда мешаванд;

·       Кортҳои хусусикунонидашуда ва умумии воситаҳои пардохтии ҶСК «Агроинвестбонк», ки новобастагии пурраро аз мавҷудияти маблағҳои қоғазин таъмин менамоянд;

·       Таъминоти фаврии ҳисоббаробаркуниҳо таъмин мегардад;

·       Дорандаи корти пластикӣ аз рӯз ва вақти додани музди маош новобаста аст;

·       Дорандаи корт метавонад маблағи дархостии нақдиро дар дилхоҳ банкомат ё нуқтаи пардохти нақдина гирифта тавонад, чунон ки дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он, илова бар ин бо асъоли Миллии он мамлакате, ки дар он қарор дорад;

·       Бехатарӣ, нигоҳдории воситаҳо – маблағҳо бехатар дар Бонк нигоҳ дошта мешаванд ва дар ҳама лаҳзаи шабонарӯз ба соҳибонаш  дастрасанд.

·       Кортҳои Байналмилалӣ – ин воситаи пардохтии дорои имконияти истифодабари дар тамоми Дунё мебошанд. Дар кадом давлате, ки қарор надошта бошед, маблағи хариди Шумо ба тарзи автоматӣ ба асъори ҳисоби Шумо баргардонида мешавад.

·       Бо низомҳои қабулшудаи VISA Int., Mastercard Worldwide, қурби баргардонӣ,  баманфиаттар аст, назар ба қурби нуқтаҳои мубодилаи асъор.

·       Пурра намудани ҳисоби кортӣ дар дилхоҳ аз филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» имконпазир аст. Шабакаи филиалҳои Бонк 62 филиал ва 30 идораи дурдастро дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон фарогир мебошад.

·       Гирифтани фоида - ҶСК "Агроинвестбонк" ба бақияи воситаҳои дар ҳисобҳо буда фоиз ҳисобӣ мекунад. 

·       Пурра намудани ҳисоби кортӣ - ҷараён барои нигоҳдорандаи корти пластикии ҶСК «Агроинвестбонк» қуллан ройгон аст, аз тарафи Бонк барои ин амал комиссия гирифта намешавад.

·       Гирифтани интиқоли маблағҳоро тавассути ҳисоби кортиатон Шумо метавонед аз тамоми давлати Дунё амалӣ кунед.  

·       Маблағҳои дар ҳисоби кортии Шумо буда дар шӯъбаҳои гумрукӣ ба санҷиш ва деклоратсия ниёз надоранд;

·       Дорандаи корт метавонад дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода барад,  он гуна ки дар Тоҷикистон, ҳамин гуна берун аз марзи он. Дар ин ҳолат низ аз ҷониби Бонк барои амалиёти мазкур комиссия гирифта намешавад; 

·       Воситаҳои пулиро ояндабинона истифода бурдан лозим аст;

·       Кулли ҳолатҳои криминалӣ, ки бо гирифтани музди маош ёки харид вобастаанд, бартараф карда мешаванд;

·       Гум кардани корт маънии гум намудани пулро надорад, (дар ҳолати гум шудан ёки дуздида шудани корт ҶСК «Агроинвестбнк» мувофиқи дархости дорандаи он корти навро омода мекунад ва пардохтро аз руи корти қаблӣ қатъ менамояд);

·       Корманди ташкилот метавонад илова ба суратҳисоби депозитии худ, барои аъзоёни оила, корти иловагии «Кортҳои оилавӣ» кушояд. Кортҳои оилавӣ ба як аъзои оила пур намудани ҳисоби депозитиро иҷозат медиҳад, барои дигар аъзоён бошад, дар кадом нуқтае, ки набошанд, гирифтани пули нақд, пардохти маҳсулот, ё ки дигар хизматрасониҳоро муҳайё карда метавонад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал